Ширкати «Вавилон-Т» фурӯши модемҳои HUAWEI LTE CPE B310s "Парус" – ро оғоз кард!

Ширкати «Вавилон-Т» бо дархости зиёди муштариён, аз санаи 1 – май, пайвастнамоии муштариёнро  бо технологияи LTE оғоз намуд ва фурӯши модемҳои HUAWEI LTE CPE B310s "Парус"-ро дар шаҳри Душанбе ба роҳ монд!  Бояд қайд кард, ки низоммеъёри нави LTE  TDD бори нахуст дар Тоҷикистон ба истифода дода шуда, таҳаввулотро дар технологияи 4G бо беҳтарин сифатҳои технологияи WiMAX ба вуҷуд овард.
Низоммеъёри LTE имконият медиҳад, ки дар тарофаҳои нақшавӣ суръати интиқоли бесими маълумот то 10 Мбит/с афзоиш ёфта, ҳаҷми трафики истифодашаванда бо Интернет - бастаҳои иловагӣ васеъ карда шаванд.
Инак, пайвастнамоии муштариёни нахустин оғоз ёфт ва ширкат тасмим гирифт,ки ба муштариён дар баробари LTE – модем: Huawei B310s трафики якмоҳаи пардохтшудаи EVO1 тӯҳфа намояд.
Шитобед то дер накунед.
Шумораи модемҳо маҳдуданд.

Муфассалтар дар бораи тарофахо