20.05.2016, Табрикоти Дилшод Назаров

Дилшод Назаров қаҳрамони бозиҳои олимпии «Рио-де-Жанейро-2016»

      Дилшод Назаров дар даври финалии мусобиқоти олимпии гурзандозии «Рио - де - Жанейро 2016» гурзро ба масофаи 78.68 метр партоб карда, қаҳрамони бозиҳои олимпӣ гардид ва медали тиллои бозиҳои олимпиро ба номи Тоҷикистон мӯҳр зад. ҶДММ «Вавилон-Т» Дилшод Назаров ва дар симои ӯ кулли ҳамватанони азизро барои ин ғолибияти бузург ва сазовори медали тиллоии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ шудани ӯ  табрик мегӯяд. Бояд қайд кард, ки ғалабаи Дилшод Назаров дар мусобиқи олимпӣ дар арафаи ҷашни 25 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон худ як тӯҳфаи бузурге ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки месазад аз он ифтихор кард.

    Медали тилло муборак Дилшод Назаров!